Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

54.224.56.126

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5891
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Сиёсат
1 2 3 »
Изҳороти маркази матбуотии ВМКБ

JURNAL-VAHDAT | 28.07.2012 | Тавре маълум аст, рӯзи 21 уми моҳи июли соли ҷорӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноии Аёмбеков Толиб сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ генерал майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Гурӯҳи ҷиноятсодиркарда ба ҷои иштирок дар тафтишоти қонунии ин ҳодиса дастаи мусаллаҳ ташкил намуда, вазъиятро дар шаҳри Хоруғ муташанниҷ гардониданд. 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбарии Раиси вилоят бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазъи таъмини амнияти аҳолии шаҳр ва барои ба таври осоишта ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намудани вазъи масъалаи мазкур бо истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ, аз ҷумла раис ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 691 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 28.07.2012 | Комментарии (0)

Ба Қонуни ишораҳои ҷуғрофӣ тағйирот ворид мешвад

Душанбе, 14 май.J URNAL-VAHDAT .-Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» тағйирот ворид мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, муҳокима шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба JURNAL-VAHDAT иттилоъ дод, ки аъзои Шўро ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»,«Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»- ро матра ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 552 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 14.05.2012 | Комментарии (0)

Мулоқоти Г. Шералӣ бо саҳҳомони «Сомон ойл»

JURNAL-VAHDAT | 07.05.2012 | Нимаи дуюми рӯзи 7 май мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муассисон ва саҳҳомони ширкати хориҷии «Сомон ойл» бо сардории ноиби президенти ширкати австралиягии «Santos» Мартин Имз баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ниёзмандӣ ва талаботи ҷумҳурӣ ба соҳаи нафту газ зикр гардида, зарурати ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани корҳо дар самти воридоти таҷҳизот ва оғоз кардани корҳои пармакунӣ дар майдонҳои ба ширкат вобастабуда таъкид гардид.
Пас аз вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №138, аз 03.04.12 Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМСП «Сомон ойл» ба имзо расид.
Дар ин бора ба мухбири JURNAL-VAHDAT аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷик ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 546 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 07.05.2012 | Комментарии (0)

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли СММ

Душанбе, 19 апрел. JURNAL-VAHDAT . - Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуд.


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Дабири кулли СММ – ро доир ба «Энергияи устувор барои ҳама» «идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт» номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.

Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» ҷомеаи ҷ ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 719 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 19.04.2012 | Комментарии (0)

ГЕРОИН ДАР ПОЙАФЗОЛ

JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | Душанбе, - Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ҳангоми сабти ном ва назорати гумрукии мусофирони хати парвози Хуҷанд-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Мадқобилови 39- соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. 

Тавре ки ба JURNAL-VAHDAT аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, зимни муоина кормандони гумрук аз ду ҷуфт пойфзол чор адад бастаи селофании дорои хокаи монанд ба героинро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси маводи аз Умарҷон Мадқобилов гирифташуда 476 граммро ташкил дод, ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад.
Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд равона карда шуд.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1922 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 06.04.2012 | Комментарии (0)

Парлумон Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонд

JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | Душанбе, - Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.

Амирхон Сафаров , муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни ташреҳи санади мазкур гуфт, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2011 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Австрия дар шаҳри Вена ба имзо расида, шартҳои будубоши дафтари САҲА-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 529 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 06.04.2012 | Комментарии (0)

Дастгирии тиҷорати наздисарҳадии байни ҶТ ва ҶИА

JURNAL-VAHDAT | Душанбе, 5 апрел – Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА дар арафаи Конфронси V ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон якҷоя бо Бунёди Оғохон ва дар радифи ҳамкории зич бо ширкати «Помир Энерҷи» созишномаи мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бахши нерӯи барқро имзо намуданд.

Дар асоси ин ҳуҷҷат деҳаҳои Тиҷмой, Пидруд ва Виёди шаҳраки Сарчашма бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Ҳамаи корҳо барои бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар давоми 15 моҳ анҷом меёбанд.

Эъмори хатҳои иловагии интиқоли барқ дар деҳаҳои зикршудаи ноҳияи Шуғнон ба рушди фаъолияти иқтисодӣ ва густариши корхонаҳои тиҷоратии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 460 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.04.2012 | Комментарии (0)

Миёни ҳалокшудагон дар сӯхтори Маскав тоҷикон ҳузур надоранд


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта тақрибан соати 05:00-06:00 дар бозори масолеҳи сохтмонии Бутовойи шимолӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Варшавска 166 ҳодисаи сӯхтор рух дод.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи оғоз, гуруҳи корӣ дар ҳайати  кормандони Сафорат ва  Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР ташкил карда шуд ва онҳо ҷиҳати муайян намудани ҳолати  фоҷиа, шахсони ҷабрдида ва ҳалокгашта ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти бадастомада, ин сўхтор дар яке аз анборҳои дуошёнаи (ангар) Маркази савдо рух дод, ки дар он 17 нафар ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 624 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.04.2012 | Комментарии (0)

Интиқоди шадиди Суҳроб Шарифов аз Гул Шералӣ


Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

JURNAL-VAHDAT | 05.04.2012 | Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае муваффақ мегардад.

«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон ягон Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) сохта нашуда, созишномаҳои мавҷуда бо шарикони хориҷӣ дар бораи сохтмони чунин иншоот мавриди амал қарор намегиранд. ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 645 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.04.2012 | Комментарии (0)

Машварати кории Сарвари давлат раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

JURNAL-VAHDAT | 30.03.2012 | Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, пешгирии офатҳои эҳтимолии табиӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони оянда баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тӯл кашидани зимистони имсола ва қафо мондани оғози киштукори баҳорӣ аз масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ талаб намуд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд, то ки тамоми заминҳои корам кишт карда шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ба кишоварзон ҳамаҷониба кумак бояд кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, зимистони тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешова ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 608 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.03.2012 | Комментарии (0)

«Зан ва Замин»-и Тоҷикистон – ғолиби ҷоизаи «Equator Prize»

JURNAL-VAHDAT | 30.03.2012 | 22 марти соли 2012 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк созмони «Зан ва Замин»-и Тоҷикистон дар қатори 24 созмони дигари миллӣ аз саросари ҷаҳон барои саҳми калонаш дар рушди устувор ғолиби ҷоизаи «Equator Prize 2012» эълон гардид. Муассиси ҷоизаи «Equator Prize» Барномаи рушди СММ буда, имсол ба таъсиси ин ҷоиза даҳ сол пур мешавад.

Ғолибон аз байни 812 номзад, ки аз 113 кишвари тараққикунандаи ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, интихоб шуданд. Дар байни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ созмони тоҷикистонии «Зан ва Замин» ягона ғолиби ҷоизаи имсолаи «Equator Prize» дониста шудааст.
Дар назар аст, ки маросими ба ғолибон супоридани ҷоизаи мазкур дар ҷараёни Конфронси СММ доир ба рушди устувор (Рио-де-Жанейро, 20-22 июни 2012) баргузор гардад.

Қобили зикр аст, ки мусоидат ба деҳ ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 918 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.03.2012 | Комментарии (0)

Интихоби раисони нави Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

JURNAL-VAHDAT | 30.03.2012 | Дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев, ки раиси шаҳри Истаравшан аст, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб гардид. Инчунин, Саидумрон Абдураҳмонов /раиси ноҳияи Рашт/ ба узвияти Кумитаи мазкур пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат тибқи қарори марбутаи Маҷлиси миллӣ Саидмурод Тағоев (раиси ноҳияи Рӯдакӣ) раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва Абдуҷон Таваккалов /раиси ноҳияи Панҷ/ узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба масъалаҳои аграрӣ , шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин шахсон 25 феврали сол ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 778 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.03.2012 | Комментарии (0)

652 эътироз дар як сол

Душанбе, 10 феврал. JURNAL-VAHDAT .- Соли 2011 кормандони прокуратура дар рафти баррасии 8 ҳазору 745 парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ иштирок намуда, барои ба амал баровардани адолати судӣ ва қабули қарорҳои қонунӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Бино ба гуфти муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдуқодир Муҳаммадиев, дар бобати бекор кардан ва ба талаботи қонун мутобиқ намудани қарорҳои ғайриқонунии судҳо 652 эътироз оварда шудааст, ки аз он 32 –тояш бозхонд, 388 –тояш қонеъ ва 185 –тояш рад карда шуд.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 604 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 10.02.2012 | Комментарии (0)

Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон

Душанбе | JURNAL-VAHDAT | 05.01.2012 |   - Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан муовини аввали вазири кишоварзӣ шуда кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Маҷитов Мўҳтади Хайруллоевич раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич, ки қаблан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуда кор мекард, ба вазифаи муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович ба вазифаи муовини директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумисиёсӣ ва ... Читать дальше »
Категория: Сиёсат | Просмотров: 913 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.01.2012 | Комментарии (0)

Холиқи Муҳаммадназар: «Вазир бо 2000 сомонӣ маош чӣ тавр қасру кӯшки 500 ҳазор сомониву якмиллиона месозад?»

Писарчаам баъд аз дарс чун ҳамеша вориди хона шуд. Аммо маълум буд, ки хеле хунук хӯрдааст. Либосҳояшро накашида, назди бухорӣ нишасту якбора ба модараш нигариста, бо овози баланд гуфт:
- Оча, пул те! Печкаи муаллима с
ӯхт!
- Кадом печка?- ҳайрон шуда, пурсидам ман.
-
Ҳамон печкае, ки синфамонро гарм мекард,- маҳ ... Читать дальше »

Категория: Сиёсат | Просмотров: 1184 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 29.12.2011 | Комментарии (0)

1-15 16-30 31-39